БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РАВАНДИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ МИЁНИ ШАҲРВАНДОН

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати пешгирии бемории хавфнок ва гузарандаи коронавирус дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ  корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.

Чунин як аксияи фарогир бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии МТТҲС-и шаҳри Кӯлоб дар бозори марказии ба номи “И Сомонӣ”-и шаҳри Кӯлоб доир карда шуд.

  Дар сӯҳбат ба сокинон қайд карда шуд, ки тибқи иттилои Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон сироятёбии бемории коронавирус дар Тоҷикистон коҳиш ёфта, рӯ ба нестӣ  оварда истодааст. Вале ин маънои онро надорад, ки мо онро нодида бигирем ва талаботҳои беҳдоштиро риоя накунем.  

Дар фарҷом, ба ҷамъомадагон тавсия дода шуд, ки чунин талаботҳои беҳдоштӣ, ба монанди дастҳоро пайваста бо собун ва оби гарм шустан, аз даҳонбанд (маска) истифода бурдан, бе зарурат ба ҷойҳои серодам нарафтан ва дигар талаботҳои беҳдоштии тавсияшударо риоя намуда, саломатии худ ва ҷамъиятро ҳифз намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg