
КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи аксияи ҳизбии “Солимии миллат-бақои давлат!” Бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҷойҳои ҷамъиятию марказҳои савдо корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок карда истодаанд.
Дар ин росто, масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Зулфов Муҳаммадҷон ба дуконҳои соҳибкорону истгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб рафта, бо шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид.
Дар идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ Зулфов Муҳаммадҷон аз сокинон дават ба амал овард, ки ба таҳлука наафтида, балки тавсияҳои табибонро риоя намоянд. Зимни баргузории ин аксия ба аҳолӣ беш аз 180 варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуданд.