![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/%D0%91%D0%B5%D0%B7%D1%8B%D0%BC%D1%8F%D0%BD%D0%BD%D1%8B%D0%B9_23.jpg?itok=VmX2ZLhK)
КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи аксияи ҳизбии “Солимии миллат-бақои давлат!” Бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар хонаҳои истиқоматӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ корҳои фаҳмондадиҳиро амалӣ карда, инчунин, амалҳои хайриявиро анҷом дода истодаанд.
Дар ин росто, бо ташаббус ва иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу бо ҷалби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими минтақа” ва “Варзиши минтақа” инчунин, ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар бозори марказии шаҳри Кӯлоб-“Саховат” корҳои фаҳмондадиҳӣ таҳти унвони “истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ ҳатмист” баргузор карда шуд. Масъулин дар роҳравҳои бозори маркази шаҳри Кӯлоб тавассути баландгӯяк аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки қоидаҳои санитарию гигиенаи шахсиро дар хонаҳои истиқоматию ҷойҳои корӣ ва ҷойҳои серодам қатъиян риоя намоянд.
Инчунин, лозим ба ёдоварист, ки зимни баргузории аксия ба аҳолӣ аз тарафи волонтёрон беш аз 1000 варақаҳои иттилоотию ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас карда шуд.