КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи аксияи ҳизбии “Солимии миллат – бақои миллат” Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба дастрас намудани маводҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ, аксияи тарғиботӣ, ки давоми чанд моҳи охир идома дорад бо усули “Хона ба хона” баргузор карда шуд.
Мақсад аз баргузории аксияи мазкур пешгирии паҳншавии коронавируси навъи COVID-19 буда, аз тарафи мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саидов Умар ба аҳолӣ наздикии 150 адад варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас гардид. Зимни баргузории аксия шаҳрвандонро хотиррасон намуданд, ки барои пешгирии паҳншавии COVID-19 чораҳои гигиенаи шахсиро риоя намуда, аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода баранд. То ба эътидол омадани вазъият аз даъвати дӯстон ва хешовандон аз шаҳру ноҳияҳои дигар худдорӣ намуда, саломатии худ ва наздиконашонро ҳимоя намоянд.