БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ ЗАНОН ДАР ПЕШГИРӢ АЗ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН БА ИФРОТГАРОӢ

АНДЕША. Маълум аст, ки зан дар тарбияи насли ояндасози миллат мавқеи муҳим ва асосӣ дорад. Аз он ки насли минбаъда дар кадом рӯҳия тарбия меёбад, аз тарбияи маънавии худи занҳо (ҳамсарон ва модарон) сахт вобаста аст.

Имрӯзҳо, тавре ба назар мерасад, гурӯҳҳои ифротгаро бо дарки ин маънӣ диққати худро бештар ба он равона кардаанд, ки занону модаронро бештар ифротӣ созанд. Яъне, имрӯз дар саросари давлатҳои Осиёи Марказӣ барномаи ифротисозии занҳо ба таври пӯшида ҷараён дорад. Чунин амалҳо аз талқини либосҳои бегона оғоз гардида, ба ворид сохтани мафкураи бегона ва иртиҷоӣ сохтани занҳо хотима меёбад. Чунин омил ба ояндаи давлату миллати мо хатари ҷиддӣ эҷод намуда, аллакай бархе аз паёмадҳои он эҳсос карда мешавад.

Дар чунин шароит беш аз ҳама занҳои фаъолро зарур аст, ки беш аз пеш сари ин масъала фаъолона кор бурда, ба занону духтарони ҷавон моҳияти аслии тағйироти раванди ҷаҳонишавиро ба дурустӣ фаҳмонанд.

Бояд гуфт, ки бо шарофати ба даст овардани истиқлолият ба мо имконияти дубораи таърихии миллатсозӣ фароҳам оварда шудааст ва моро зарур аст аз ин имконият васеъ истифода барем. Тақдири миллату давлати худро ба бегонагон ва идеологияи бегона бовар насозем.

Бояд гуфт, ки имрӯз барои ин мо шароитҳои заруриро пурра дар ихтиёр дорем. Яъне тамоми имкониятҳо барои фаъолияти занону духтарон фароҳам оварда шудааст, ки ин аз таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати мамлакат нисбат ба занону духтарон мебошад.

Нуқтаи дигарро гуфтан зарур аст, ки солимии оила аз тарбияи дурусти маънавии занон сахт вобастагӣ дорад. Ба ин хотир таваҷҷӯҳи роҳбарияти давлат низ ба ин масъала хеле зиёд аст. Зеро ҳеҷ як зани маънаван ифротӣ наметавонад фарзанди худро дар рӯҳияи солим тарбия намояд ва дар хонавода шароити муътадили зисту зиндагиро таъмин созад. 

Вобаста ба ин, тамоми ҷомеаро зарур аст, ки корро дар ин самт ҷоннок намуда, дар якҷоягӣ ҷиҳати тарбияи солими маънавии ҷомеа ҷаҳду талош намоем.

Умедворам, занони бонангу номуси кишвар бо дарки дурусти сиёсати хирадмандонаи давлату ҳукумат ва дилсӯзӣ ба тақдири ояндаи фарзандони худ дар шароити номӯътадили ҷомеаи ҷаҳонӣ дар тарбияи насли наврасу ҷавон ва ободии диёри хеш саҳми худро мегузоранд.

Мадисоева Парвина Амирхоновна, узви ҲХДТ аз шаҳри Кӯлоб

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg