БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ БЕМОРИҲОИ ХАВФНОКИ СИРОЯТӢ БОЯД ПЕШГИРӢ КАРД!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ намудани бемории сироятии намуди коронавирус, ки имрӯз ҷомеаи моро низ ба ташвиш овардааст, гуруҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар  якҷоягӣ бо маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки Қубодиён ноҳияи Қубодиён корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.

Дар вохӯрии мазкур масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо аҳолии маҳал вохӯрда роҳҳои гузариши бемории коронавирус (COVID-19)  ва роҳҳои пешгирӣ намудани он маълумот доданд. Дар рафти вохӯрӣ диққати асосӣ ба ҷиҳати асосии пешгирӣ намудани беморӣ, яъне риоя намудани гигиенаи шахсӣ таваҷҷӯҳ зоҳир гардида, аз шаҳрвандон хоҳиш карда шуд, ки  қоидаҳои тозагии хонаву таҷҳизотҳои он ва маҳал қатъиян риоя карда шавад.

Барои бештар маълумот пайдо намудани бемории коронавирус ба сокинон бо усули “Хона ба хона” 67 адад маводҳои таблиғотӣ дар шакли буклетҳо ва 67 адад ниқобҳои ҳифзкунанда тақсим карда шуданд. 

Ҳамчунин, дар рафти вохӯриҳои баргузоргадида оид ба истифодаи самараноки қитъаҳои замини наздиҳавлигии шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.        

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg