БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРИИ COVID-19 ВАЗИФАИ МОСТ!

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар деҳаи С. Вализодаи ҷамоати шаҳраки Ҳулбук бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо усули “Хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Ситамова Роҳила, муттахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни мулоқот масъулин дар бораи роҳҳои гузариши бемории коронавирус (COVID-19) ва роҳҳои пешгирӣ аз он маълумоти муфассал дода, таъкид карданд, ки ба риояи гигиенаи шахсӣ диққати асосӣ диҳанд ва қоидаҳои тозагии хонаву лавозимоти рӯзгордориро риоя намоянд.

Дар охир даъват ба амал оварда шуд, ки ба хотири таъмини зиндагии шоиста аз заминҳои наздиҳавлигии худ ва хоҷагиҳои ёрирасон самаранок истифода бурда, ҳосили фаровон ба даст оваранд, оилаи худ ва дигаронро аз маводи озуқаворӣ таъмин созанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg