ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Рӯзи 27 майи соли ҷорӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҷиҳати ба мардум фаҳмонидани роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, бемории сироятии хавфноки коронавирус бо усули “Хона ба хона” дар кӯчаи ба номи Бобо Юнус ба сокинони манзилҳои истиқоматӣ суҳбат доир намуданд. Дар рафти суҳбат ба бошандагон барои пешгирӣ аз ин беморӣ варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим карда, таъкид намуданд, ки риояи гигиенаи шахсӣ ва тозаю покиза нигоҳ доштани хонаву дар роҳи асосии пешгирии ҳамагуна бемории сироятӣ мебошад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки гигиенаи шахсиро қатъиян риоя карда, худ ва аҳли оилаи худро аз сироятёбӣ ба ин беморӣ ҳифз намоянд.
Дар ин рӯз бештар аз 83 нафар бошандагони манзилҳо дар суҳбатҳои хона ба хона иштирок намуда, барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ тавсияҳо гирифтанд.