БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ МИЛЛАТ ПОЯНДАГИИ ОНРО ТАЪМИН МЕНАМОЯД

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  бо мақсади пешгирӣ аз бемори сироятии коронавирус ва оқилонаву самаранок истифодабарии ҳар як ваҷаб қитъаи замин бо усули “Хона ба хона” дар деҳаи Тагноби Ҷамоати деҳоти Даштигуло корҳои тарғиботиро пеш бурда истодаанд.

Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ғаффорзода Давлатҷон иброз дошт, ки риояи қоидаҳои беҳдоштӣ асоси пешгирии бемории сироятии коронавирус мебошад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки гигиенаи шахсиро риоя намуда, худ ва назидиконамонро аз ҳама гуна бемориҳои сироятӣ  эмин нигоҳ дорем. Ҳамзамон, ба якояки онҳо оид ба истифодабарии пурсамари ҳар ваҷаб замин рӯёнидани ҳосили дилхоҳ, ки ба таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат менамояд, тавсияҳои судманд дода шуд.

Аз тарафи кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба сокинон муроҷиатномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оиди риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, ки ба хотири пешгирии ҳар гуна сироятҳо нашр гардидааст, тақсим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg