ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии навъи COVID-19 дар маҳаллаҳо ва кӯчаву роҳравҳо корҳои фаҳмонидадиҳиро ба роҳ монда, оиди риояи қоидаҳои ҳатмии беҳдоштӣ, алалхусус, риоя кардани масофаи байниҳамдигарӣ, тез-тез шустани дастон бо собун, пӯшидани ниқоби тиббӣ, бе зарурият набаромадан аз хона ба шаҳрвандон фаҳмонида, ба онҳо маслиҳату тавсияҳои мушаххас доданд, ки ба таҳлука наафтанд ва инчунин аз ҷониби аъзоён ва фаъолони ҳизб ба сокинони маҳалла ниқобҳои тиббӣ дастрас карда шуд.