БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ОММАФАҲМОНИИ АҲОЛӢ ИДОМА ДОРАНД

МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. о 40-нафар истиқоматкунандагони деҳаи Деҳлоло 1 оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус бо усули “Хона ба хона” корҳои оммафаҳмонӣ баргузор карда шуда, ба иштирокчиён аз тарафи шахсони масъул ба миқдори 56 адад ниқобу маводҳои таблиғотӣ доир ба пешгирии бемории коронавирус дастрас карда шуд.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Ҳайдарзода Рамазон, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар ноҳия Алишери Амрохон ва мутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Хуршедҷони Холмурод  иштирок ва сӯханрони намуданд.

Баргузории чунин чорабиниҳо дар деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия тибқи ҷадвал идома доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg