ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо усули “Хона ба хона” ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус варақаҳои таблиғотӣ ва ниқобҳои муҳофизатиро тақсим намуда, аз тарафи масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда истодааст.
Ҳамзамон, дар ин раванд, аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки ба хотири таъмини зиндагии шоиста аз заминҳои наздиҳавлигии худ ва хоҷагиҳои ёрирасон ҳосилҳои дилхоҳ ба даст оварда, оилаи худро аз маводи озуқаворӣ таъмин созанд.