БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТӢ ДАР ДЕҲАҲО НИЗ БЕЗАРАР ГАРДОНИДА МЕШАВАНД

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси аъзои ҲХДТ, вакили Ҷамоати деҳоти Тугарак хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон бо маҳлули хлор безарар гардонида шуд. Иботов Диловар вакили Маҷлиси Ҷамоати деҳоти Тугарак маротибаи дуввум аст, ки ҳудуди деҳаи Ибратро безарар мегардонад.

Бояд қайд намуд, ки аксарияти кӯча ва роҳравҳои деҳаҳои ҳудуди ноҳияи Восеъ тариқи техникаҳои кишоварзӣ бо маҳлули хлор безарар гардонида шуданд. Ин чорабинии тозакорӣ ҳамарӯза аз ҷониби шӯъбаи дезинфексия ва профилактикаи ноҳия ба иҷро расонида мешавад. Дар баробари ин шаҳрвандон ва нафарони имкониятдошта бо истифода аз маҳлули хлор тариқи дастгоҳҳои хурди “дорупошак” ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус роҳу кӯчаҳо, ҳоҷатхонаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятиро безарар мегардонанд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg