БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМГУЗОРӢ ДАР ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРӢ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аз ҷониби аъзои ҲХДТ вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷамоати деҳоти Тугарак гармхона ташкил карда шудааст. Ташкили гармхона яке аз усулҳои самаранок истифодабарии замин буда, дар баробари истеҳсол шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.

Дар гармхона маҳсулоти ниёзи мардум парвариш ёфта, онҳо алакай барои фурӯш омода шудаанд.

Бояд гуфт, ки дар баробари парвариши маҳсулотӣ кишоварзӣ инчунин гулҳои ороишӣ низ дар ин гармхона парвариш меёбанд.

Аз вазъи кунунии гармхона мутасаддии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дидан карда, ҷиҳати бештар истеҳсол намудани маҳсулоти кишоварзӣ ва ҷалб намудани дигар хоҷагиҳои деҳқонӣ ба истифодаи самараноки замин ба масъули гармхона таъкид намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg