БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОХТМОНИ БИНОҲО ДАР ШАҲРИ БОХТАР – АСОСИ РУШД

АНДЕША. Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон биноҳои нави муосир сохта, ба истифода дода шуда истодаанд.

         Маҳз ин ҳама ѓамхориҳои Пешвои миллат аст, ки новобаста аз шароити имрӯза, яъне паҳншавии бемории нави сироятии коронавирус (COVID-19), ки дунёро ба ташвиш овардааст, дар шаҳри Бохтар бо дастгирии соҳибкори ватандӯст сохтмони бинои Маркази ташхиси тиббии «Дурахш» пурра ба итмом расида, мавриди истифода қарор гирифт. Бинои мазкур аз таҳхона ва 5 ошёна иборат буда, дар он тамоми шароитҳо барои фаъолияти кории табибон фароҳам оварда шуда, дастгоҳу таҷҳизоти тиббии муосир имкон медиҳад, ки ба аҳолӣ намудҳои зиёди ташхис ва хизмати тиббию санитарӣ расонида шавад. Аз ҷумла, ташхиси бемориҳои занона бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон ба роҳ монда шудааст. Илова бар ин, хизматрасониҳои ташхисӣ дар иншооти тиббӣ, бахшҳои солимгардонию тавонбахшии физиотерапевтӣ ва ҳуҷраи табобати дандон низ фаъолият менамоянд. Бинои мазкур дорои 70 кат барои беморон аст ва дар он 50 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Иншооти соҳаи тандурустӣ имкон дорад, ба зиёда аз 5 ҳазор нафар хизмати тиббӣ расонад. Маркази ташхиси тиббӣ дар фурсати кӯтоҳ бунёд гардида, корҳои сохтмониро мутахассисони маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои замони муосир анҷом додаанд.  

          Озмоишгоҳҳои марказ дорои навтарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳа аст ва дар он қариб тамоми таҳлилҳои тиббӣ дар фурсати кӯтоҳ бо сатҳу сифати баланд анҷом дода мешаванд. Дар маркази ташхиси тиббии навбунёд ҳуҷраи модару кӯдак, ҳуҷраи хатна, утоқи ташхиси ултрасадо ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд аст. Иншооти мазкур дорои шароити зарурии тиббӣ, санитарию безараргардонӣ, тамизгардонии дастгоҳу таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ буда, бо дастгоҳҳои автоклав, ҷевонҳои хушкнигоҳдорӣ, катҳои функсионалии махсуси барқӣ ва дигар лавозимоти соҳа пурра таъмин аст.

            Тавре Сарвари давлат, Пешвои муаззами кишвар зикр намуданд, “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”.

          Мо ҷавонон ифтихорманд ва сарбаланд аз онем, ки сазовори боварии боэътимоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидаем.

       Ин нуктаҳо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, рӯҳияи озодихоҳӣ, ватанпарастӣ, ифтихори миллии мо-ҷавонони саодатманди диёрро баланд бардошта, бори дигар водор месозад, ки то ба қадри неъматҳои бебаҳо, ба мисли Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Ватани ободу ором ва арзишҳои фарҳангии хеш бирасем.

Холов Алишер, мутахассис – таҳлилгари маводҳои иттилоотии КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg