БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲИ НАҶОТ АЗ КОРОНАВИРУС ПЕШГИРИИ БЕМОРӢ МЕБОШАД

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо  максади   таъмини  пешгирии  хатари  бемории  коронавирус санаи  20-уми май гуруҳи  кории Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  тибқи нақшаи  чорабиниҳои таҳиянамуда,  корҳои  фаҳмондадиҳӣ  ва  омилҳои  пешгирикунандаи  бемориро тибқи  ахбори расмии сомонаи Вазорати  тандурустӣ ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ дар байни  мардум  ва  кормандони  ташкилоту муассисаҳо ҳаматарафа ба роҳ монда истодааст.

Ҷиҳати ба сокинони деҳа фаҳмонидани роҳҳои пешгирии бемории  коронавирус  гуруҳи  корӣ  дар  деҳаи Тулаганов  Ҷамоати  деҳоти  «Фирӯза»  бо  усули  “Хона  ба  хона” вохӯриҳо баргузор намуда, таъкид  намуданд, ки қоидаҳои  беҳдоштро дар  хонадонашон  нигоҳ  доранд  ва барои  иҷрои варақаҳои  тавсия ва таъкиди Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  вилояти  Хатлонро тақсим намуданд. Ёдовар  намуданд, ки бештар  ба гигиенаи  шахсӣ риоя намуда  ва моҳияти худдорӣ  кардан аз  иштирок дар  чойҳои  серодам  ва  ҳар  гуна  ҷамъшавиҳо  безаруратро фаҳмонида  дода шуданд.

Ҳамчунин, истифодаи дурусту оқилонаи ҳар як ваҷаб заминҳои  наздиҳавлигӣ, кишт  ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ,  инчунин, бо аъзои  хоҷагиҳои  деҳқонӣ  ҷиҳати  бекор  намондани заминҳои  дар  ихтиёрашон    бударо  вобаста  ба  вазъи   имрӯзаи  ҷаҳони  муосир ҳаматарафа фаҳмонида  доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg