БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАЗЪИ ИМРӮЗАИ БААМАЛОМАДА МОРО ҲУШДОР МЕДИҲАД, КИ БА САЛОМАТИИ ХУД ДИҚҚАТИ ҶИДДӢ ДИҲЕМ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо максади таъмини пешгирии хатари бемории коронавирус гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав тибқи нақшаи чорабиниҳои  таҳиянамуда, корҳои  фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирии бемории сироятии COVID-19 ва омилҳои пешгирикунандаи бемориро дар байни сокинони ноҳия бо  усули  Хона ба хона» идома дода, риояи гигиенаи шахсӣ ва риоя кардани  масофаи байниҳамдигарӣ, ки  яке аз тадбирҳои муҳим мебошад, ба ҳар як  сокини ноҳия фаҳмонида истодаанд. Риояи қоидаҳои санитарию гигиении  шахсӣ , аз  ҷумла, мунтазам шустани дастон бо собун, истифодаи ниқоб, дар  ҷойҳои ҷамъиятӣ, худро дар канор гирифтан аз одамоне, ки нишонаҳои  шамолхӯрӣ ва зуком доранд, ҳамзамон ба таҳлука наафтодаву ақл бой надода ба  саломатии худ диққати аввалиндараҷа  дода, тадбирҳои  беҳдоштӣ ва тозагиву озодагиро қатъиян риоя карданро ҳаматарафа фаҳмонида истодаанд. 

Ҳамчунин, истифодаи дурусту оқилонаи ҳар як ваҷаб заминҳои  наздиҳавлигӣ, кишт ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин, бо аъзои  хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиҳати бекор намондани заминҳои дар  ихтиёрашон бударо  вобаста ба вазъи  имрӯзаи ҷаҳони муосир ҳаматарафа фаҳмонида  истодаанд.

Аъзои гурӯҳи корӣ санаи 23-юми май дар деҳаи Ҷӯпон  қишлоқ Ҷамоати  деҳоти  «Истиқлол» вохӯриҳо бо  усули  Хона ба хона» баргузор намуда, ба  сокинони маҳалла роҳҳои  пешгирии бемории коронавирусро фаҳмонида,  барои  пешгирии  беморӣ  варақаҳои  тавсия ва таъкиди Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  вилояти Хатлон, Муроҷиатномаи ҲХДТ ва ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим намуданд. Ёдовар намуданд, ки агар таби баланд, сулфа, душворшавии  нафаскаширо мушоҳида  намоянд, ҳатман аз ниқоби яккарата истифода бурда,   ба духтурон  муроҷиат намоянд. Дар ин лаҳзаҳои ҳассос кормандони Кумитаи  иҷроия, хизматчиёни давлатӣ имрӯзҳо дар паҳлуи мардум буда, онҳоро ба  ояндаи нек дилгарм намуда, барои рафъи мушкилоти ҷойдошта кумак  мерасонанд, ки ноумедиро  дур  намуда, эътимоду  боварии  мардум  ба давлату  ҳукумат зиёд гардида истодааст.

Бо мақсади расонидани кӯмак вобаста ба безарагардонӣ аз ҳисоби  Кумитаи иҷроия маводи безаргардонии маҳлули хлор ба миқдори 1 кг ва 25 адад  ниқоб дастраси сокинон намуда, манзили зисти онҳо, роҳу кӯчаҳои деҳа безарар  гардонида шуд.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg