БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОЛОНТЁРОН БА ОИЛАҲОИ ҶАВОНОНИ МАЪЮБДОШТА КӮМАКҲОРО ДАСТРАС МЕНАМОЯНД

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо  мақсади дар чорабиниҳои  ҳизбӣ  сафарбар  намудани ихтиёриён  (волонтёрон)  бахшида  ба  таҷлили  «Рӯзи  ҷавонони  Тоҷикистон 23 май» Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо назардошти  вазъи кунунӣ ва бо мақсади  пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятии коронавирус корҳои  фаҳмондадиҳиро   бо  усули  «Хона  ба хона» ҳаматарафа ба роҳ монда  истодааст.

Санаи 23-юми май бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав ва дастгирии мудири бахши дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ноҳияи  Носири  Хусрав  Юсуфзода  Нурмуҳаммад ва дастгирии  бахши ноҳиявии ТҶҶ «Созандагони Ватан»  ва соҳибкорони саховатпеша бо мақсади  расонидани ёрӣ  ба  оилаҳое, ки  дар онҳо ҷавонони  маъюб доранд, Аксияи  ҳизбӣ таҳти унвони  «Пайравӣ ба иқдоми Пешвои миллат»  баргузор  намуда, ба 6 оила маводҳои  хӯрока аз  қабили орд, равған, пиёз, картошка тақдим намуданд. Ҳамчунин, ба  онҳо оиди  пешгирии бемории коронавирус маълумот дода, варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg