
ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва самаранок истифодабарии заминҳои наздихавлигӣ корманди Кумитаи иҷроия - Ғуломов С.Ч. усули «Хона ба хона»-ро дар деҳаи Наврӯзи ноҳия доир намуданд.
Дар ин амал аз тарафи масъулин ба сокинон маводҳои таблиғотӣ оиди пешгирии коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, инчунин, ниқобҳои мухофизатӣ ва маводҳои безараргардонӣ тақсим карда шуданд.