БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТГИРИИ СОҲИБКОРИ ВАТАНӢ БА 20 ОИЛАИ НИЁЗМАНД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар арафаи иди саиди фитр соҳибкорони ватанӣ ва дигар шахсони хайрхоҳ дар пайравӣ ба сиёсати ятимпарварона ва инсодӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оилаҳои ниёзманд ва дигар шахсони муҳтоҷи ёриро бо расонидани кӯмакҳои хайриявӣ дастгирӣ менамоянд.

Чунин амали хайрхоҳона рӯзи 23 майи соли ҷорӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Ҳоҷӣ Валӣ Саидов дар деҳаи Ҷобахти Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт амалӣ карда шуд.

Кӯмаки хайриявие, ки аз тарафи ӯ бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Халилзода Сафар Хоҷа ба ятимон, бепарасторон ва беморони бистарӣ дастрас карда шуд, аз анвои хӯрокворӣ: равған, орд, пиёз, қанд ва дигар маҳсулотҳо иборат буд.

Фаъолияти шоистаи таҳсини соҳибкори хайрандеш Ҳоҷӣ Валӣ Саидов бо ин амалаш анҷом намеёбад. Ӯ азм дорад, ки дар рӯзҳои наздик дигар оилаҳои ниёзманди деҳаро аз ҷиҳати иқтисодӣ дастгирӣ намуда, бори зиндагии онҳоро кам ҳам бошад, сабук намояд.

Онҳое, ки аз кӯмакҳои хайриявии Ҳоҷӣ Валӣ баҳраёб гардиданд, аз сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соҳибкорон ва дигар шахсони саховатпешаро ба иҷрои  амалҳои хайрхоҳона ҳидоят менамояд, миннатдорӣ изҳор намуда, дар ҳаққи  Пешвои миллат ва соҳибкорӣ хайрандеш дуои нек намуданд.

Боварӣ дорем, ки фаъолияти хайрхоҳонаи Ҳоҷӣ Валӣ Саидов ба дигар соҳибкорон ва шахсони саховатпеша таъсири мусбӣ расонида, онҳоро барои иҷрои кори хайру савоб водор менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg