БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХАЙРУ ЭҲСОНИ ВАКИЛ ЯК РӮЗ ПЕШ АЗ ИДИ САИДИ ФИТР

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ҳамкорӣ бо вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Узви гурӯҳи вакилии ҳизбӣ, Замонов Мараҳим ба 80 нафар ятимон, маъюбон, камбизоатон, эҳтиёҷмандони деҳаи Тагноби Ҷамоати деҳоти Даштигуло кумаки моддию молӣ як рӯз пеш аз иди Саиди Фитр расониданд.

         Кормандони Кумитаи иҷроия бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус бо усули “Хона ба хона ” ва дуруст истифода бурдани ҳар як ваҷаб қитъаи замин бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

         Зимни вохӯрӣ Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Д. Ғаффорзода қайд карданд, ки роҳбари давлат солимии миллатро дастоварди беназири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номиданд ва оиди қоидаҳои беҳдошти саломатӣ ва риояи онҳо аз тарафи сокинон таъкид ба амал оварданд.

         Ба 80 нафар ятимон, маъюбон, камбизоатон ва эҳтиёҷмандон ба ҳар кадоме 10 кг орд, 3 кг равған ва 3 кг макарон, ниқоби тиббӣ ва маводҳои антисептикӣ аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва вакили мардумӣ Замонов Мараҳим кӯмак расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg