БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ОЯНДАИ КИШВАР ВА ҚУВВАИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА МЕБОШАНД

ҲАМАДОНӢ. Ҷавонони мо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсолон, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини Ҳукумат боқӣ мемонад, омада аст дар Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии мамлакат.

Ҳамчунин, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ҷавононро ояндаи  кишвар, қувваи пешбаранда ва омили муҳими рушди ҷомеаи муосир” баҳогузорӣ намудаанд.

Ҷавонони мо дар руҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, дустию хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия ёфта истодаанд.

Махсусан, нақши ҷавонон дар тарғиби арзишҳои миллӣ назаррас мебошанд.

Имрӯзҳо беш аз 257 000 нафар ҷавонон, ки 30 фоизи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд, дар муассисаҳои таҳсилотии олии касбии дохил ва хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Саҳми ҷавонон дар ҳифзи Модар-Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург мебозанд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҷузъи муҳими давлат ба ҳисоб меравад. Имрӯз иқтидори мудофиавии кишвар мустаҳкам гашта, Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон дар заминаи сатҳи ҷаҳонӣ рушд ёфта истодааст.

Артиши миллӣ як мактаби бузурги камолот ва обутоби ҷавонон ба ҳисоб меравад. Маҳз, ҳангоми иҷрои хизмат ҷавонон тӯли чанд вақт паҳлӯ ба паҳлӯ аз мактаби родмардиву ҷасурӣ мегузаранд. Меҳру муҳаббати Ватан ва ҳимояи марзу буми он ҳамаи ҷавононро сарҷамъ менамояд.

Ҷавонон ин сарзаминро муқаддас медоранд, онро ҳифзу нигоҳбонӣ мекунанд ва ҳамеша барои ҳимояи Ватан омода ҳастанд.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ гурӯҳу қувваҳои зиёде мехоҳанд ҷавонони моро, бахусус ҷавонони ноогоҳро истифода бурда, онҳоро барои амалисозии ҳадафҳои ғаразноки худ истифода баранд. Баланд бардоштани зиракии сиёсии насли ҷавон масъалаи хеле муҳим дар такмили донишҳои сиёсиву ҳуқуқи онҳо ба шумор меравад. Ҷавонони имрӯзаи мо боору номус, созандаву масъулиятшиносанд. Имрӯзҳо, ки тамоми сокинони кишвар ба ҷашни мубораки 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёрӣ дида истодаанд, ҷавонони мо аз ҳарвақта дида ба нафъи халқу Ватан ва имрӯзи фардои неки он пурмаҳсул фаъолият карда истодаанд.

Вазифаи асосии ҳар як ҷавон аз он иборат аст, ки арзишҳои миллиро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ доранд, ба дасисаву иғво дода нашаванд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ҷавонони имрузаи моро лозим аст, ки дар партави сиёсати хирадмандонаву дурандешона ва ҷавонпарваронаи Пешвои миллат мутаҳид гардида, ба ору номуси миллӣ, қуввату ғайрати ҷавони Ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо намоянд.

Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистонро ба тамоми ҷавонони Ватани азизу маҳбубамон табрику муборакбод гуфта, ба онҳо сиҳатию саломатӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоям. Бигзор, ҷавонони мо дар сафи пеши созандагию бунёдкорӣ ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.

 

Раҳимҷон Шарипов, муовини раиси КИ ҲХДТ дар  ноҳияи Мир Сайид  Ҳамадонӣ                              

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg