БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН НЕРӮИ СОЗАНДА ВА БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТАНД

АНДЕША. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҷавонон чунин вазифа гузоштанд:  "Ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд ба эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиноси ба давлату Ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус амалҳои фоҷиавори онҳоро, ки зери номи мубораки ислом анҷом дода мешаванд, хуб фаҳманд, дар ғафлат намонанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳимояи Ватанро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд".

Дар ин маврид, мо ҷавононро зарур аст, ки барои ҳифзи ҷомеа аз таъсири манфии ҳамагуна зуҳуроти номатлуби хатарзо, нигоҳ доштани сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва таъмину таҳкими амнияти давлат ба халқамон ҳамеша омода бошем.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи фаъолияти худ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ ва зисту зиндагонии ҷавонон, паст кардани сатҳи бекорӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб дар байни ҷавонон ва вайроншавии оилаҳои ҷавон тадбирҳои мушаххас амалӣ намуда, барои ҷавонон шароити мусоид фароҳам меорад.

Ҳизб фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷавононро густариш дода, баҳри дарёфти роҳҳои муосир ва намунавии онҳо чораҷӯӣ менамояд. Ҳизб “Сиёсати рӯй овардан ба ҷавонон”-ро, ки яке аз самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад, тавсия бахшида, дар роҳи расидан ба ин ҳадаф барои ҳарчи беҳтар гардрнидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва кору фаъолияти ҷавонон тадбирҳо меандешад. Дар ин раванд бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва мо ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонун ҳувайдо бошад.

Ҷавонони имрӯза бояд тарзе тарбия карда шаванд, ки онҳо дар оянда ҳамчун фарзандони шоиста кору пайкор намоянд, Ватани азизамонро ба ҷаҳониён муарифӣ карда тавонанд. Ҷавонон ба муқадасоти миллӣ, арзишҳои маънавӣ, забони модарӣ, таъриху фарҳанги қадима ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ҳамеша арҷ мегузоранд. Ба ҷалби нерӯи ҷавонон ҷиҳати бунёди ҷомеаи пешрафта ва муттамадини шаҳрвандӣ истифодаи тамоми имкониятҳо дар самти рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тадбиқи рукнҳои дигари демократӣ ва дар ин замина бо усулҳои муосири таъсиррасонӣ корҳои таблиғотӣ амалӣ гардонида мешаванд.

ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба масъалаи тарбияи ҷавонони кишвар дар руҳияи ватандӯстӣ, ки беҳтарин воситаи пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракатҳои ғайриқонунӣ мебошад, чорабиниҳои фарҳангӣ, вохӯриву семинарҳо доир намуда, ҷавононро аз оқибатҳои ногувори ин амалҳо огоҳ сохта истодааст.

Таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аз суботу амнияти миллӣ сарчашма гирифта, маҳз устувор будани ягонагии миллӣ шароити арзандаро барои рушд ба вуҷуд меорад. Масъалаи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон яке аз афзалиятҳои дарозмуддат ба вуҷуд меорад. Зеро теъдоди қобили мулоҳизаи аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳад. Ҷавонон бо вуҷуди доштани зарфиати баланди навовариву эҷодӣ, табақаи осебпазир ба шумор меравад, зеро афзалиятҳои ҳаётии онҳо пурра шакл нагирифтааст.

Дарвоқеъ, ҷавонон сарвати асосии идеологии ҳар як давлат ба ҳисоб мераванд. Зимни назари идеологӣ таълим додан, тарбия ва омода намудани шахси ҷавон кишвар худро ба нерӯи мағлубнашаванда, пурқувват, шуҷоъ, далер, ватандӯст, хайрхоҳ ва таҳаммулпарвар мусаллаҳ мегардонад.

Ахмедов Некрӯз, мутахассиси  шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ                                              

    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg