БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҚДОМИ ҶАВОНМАРДОНАИ ВАКИЛ

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мусаллам аст, ки имрӯз паҳншавии бемории сироятии коронавирус  COVID-19 ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Зиёда аз 200 давлати дунё мубталои ин касалӣ буда, тамоми ақли солим бобати пешгирии паҳншавӣ ва табобати он азму талош карда истодаанд. Бо тафаккури дурбинона ва  дастуру супоришҳои саривақтии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воридшавӣ ва паҳншавии ин беморӣ дар кишварамон хеле пешгирӣ карда шуд. Лекин, муттаассифона,  чанд рӯз қабл сохторҳои марбута оид ба муайян ва ба қайд гирифтани ин вабо иттилоъ доданд.

         Бо мақсади расонидани кӯмак ба оилаҳои табибон ва қишри камбизоат аввалин шуда Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусу иқдоми башардустона амалӣ карда, як музди маошашро барои пешгирии COVID-19  бахшида, аз фонди захиравии худ маблағҳои зиёд ҷудо намуд.

         Дар ҳошияи ин иқдоми беназири роҳбари кишвар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ аз ҳавзаи интихоботии “Фархор–34” аз ҳисоби пасандозҳои музди меҳнаташ ба сокинони ҷамоати шаҳрак, ҷамоатҳои деҳоти “Нури Ваҳдат”, “Озодагон” ва ба номи Кабут Сайфутдини ноҳияи Панҷ дар ҳаҷми 1850 адад ниқоб, 520 адад дастпӯшакҳои муҳофизатӣ ва 690 адад маводҳои антисептикӣ кумак расонид. Мардуми сарбаланди ноҳияи Панҷ аз ин амали ҷавонмардонаи вакили мардумӣ хеле хушнуд буда, барои дастгириашон сипозгузору миннатдоранд. Айни замон, бобати тақсими маводҳо дар ҷамоатҳои номбурда аксияи ҳизбӣ таҳти унвони  “Тозагӣ гарави саломатист!” идома дорад.

         Мутмаинем, ки мардуми ноҳияи Панҷ дар пешгирии паҳншавии ин беморӣ масъулияти ҷиддӣ зоҳир намуда, дастуру ҳидоятҳои кормандони ҳизбиро сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор медиҳанд ва дар таъмини ҳифзи саломатии ҷомеа ҳар яки он худро муваззаф меҳисобад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg