БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ДАСТУРУ ТАВСИЯҲОИ ТАБИБОН ВОБАСТА БА МУҚОВИМАТ БО КОРОНАВИРУС МАҚСАД ВА МАРОМИ ҲАР ЯКИ МО!

        АНДЕША. Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон низ аз олудашавӣ бо ин вабои аср эмин набуда, соҳаи тандурустии тамоми кишварҳо бо он дар мубориза ҳастанд. Аммо дида истодаем, ки дар натиҷаи муборизаи илман асоснок бо ин вирус дар бархе аз кишварҳо паҳншавии он тамоюли пастшавиро касб кардааст. Кишварҳои ҷахон муждаи ба баркандани решаи ин вабо расида истодаанд. Чунин боварӣ аз зодгоҳи ин вирус – шаҳри Ухан ба назар мерасад, ки онҳо аз ин вартаи ногувор баромада истодаанд.

        Ҷумҳурии азизи мо низ, ахиран пас аз истодагарии зиёд ва андешидани чораҳои пешгирӣ, мутаассифона бо ин вабо рӯ ба рӯ шуд. Бояд қайд қард, ки тамоми кишварҳо дучори паҳншавӣ бо ин бемори азият мекашанд, аммо сироятшавии мардум низ амри табиӣ ба ҳисоб меравад. Чунки рафтуомади бениҳоят зиёди байни аҳоли мову кишварҳои ҳамсоя ҷой дорад, ки бешак эҳтимоли паҳншавии бемориҳои сироятиро ҷой мегузорад. Таҷрибаи олимони давлатҳои алоҳида нишон медиҳад, ки бо ин вирус муборизаи илман бурдан зарур аст ва олимони соҳаи биология ва тиб таъкид бар он доранд, ки коронавирус ба он ҳаде, ки муариффиаш мекунанд, кушанда нест. Моро мебояд муваққатан даст кашидан аз чанд одате, ки боиси паҳншавии бемориҳои сироятӣ мегардад. Хонаводаи худро дар шароити тозагиву озодагӣ нигоҳ доред.  Чанд муддате самимона дастфишорӣ кардан, бӯса кардан, канори наздикон нишастан, оғушгирӣ ва якҷоя чойнуширо манъ кардан муҳим аст. Дар баробари ин масунияти худ ва наздиконро аз меваю сабзавоти тару тоза  ва витаминҳо ғанӣ гардонед.

         Барои пешгирӣ аз ин вирус Ҳукумати мамлакат ва мақомотҳои давлатӣ корҳои саривақтӣ ва чораҳои пешгириро роҳандозӣ карда истодаанд. Чи тавре ки ба ҳамагон маълум аст, зиёда аз 500 тонна маводи хурока аз қабили орд, равған, шакар, сабзавот, доруворӣ ва маҳлулҳои антисептикӣ ба сокинони кишвар фиристода шуд ва ин кумакҳо идома доранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солимии миллатро неруи асосӣ ва калиди меҳвари сиёсати иҷтимоии кишвар шуморидаанд. Ёдовар мешавем, ки чанд вақт қабл Президенти кишвар маоши якмоҳаи худро ба суратҳисоби фонди Ҷумҳуриявии хайриявии муқовимат бо коронавирус гузаронид. Ин иқдоми некбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иқдоми навбатии хушбинонаи Тоҷикистон сарчашма мегирад. Ин кумаки хоксорона  ва нексиришт буд, ки ҳар нафаре дар ин ҷомеа метавонад пайрави Пешвои миллат бошад, дар ҷодаи хайрхоҳӣ саҳмгузор бошад. Муҳим он аст, ки ба таҳлука наафтем ва дастуру тавсияҳои дода шударо риоя, пайравӣ кунем ва итминон дорем, ки мо ин ваборо паси сар хоҳем кард!

Холиқов Назрулло, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ                                    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg