БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҚДОМИ НЕКИ КИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОН!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иќдоми Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар вилояти Хатлон бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тољикистон» ба 2-ҷавони имконияти маҳдуддошта ва як нафар ятими кулли шаҳр, кумакҳои молию ғизоӣ аз қабили орд, равған, картошка, пиёз, шакар, ва дигар анвои ғизоӣ кўмак расонида шуд.

Зимни аёдати онњо Бењруз Бобоев, мудири шуъбаи љавонони Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар вилояти Хатлон, Саидшо Асроров мутахассиси шуъбаи љавонони Кумитаи иљроияи вилоят, раиси Кумитаи иљрои ЊХДТ дар шањри Левакант Ватанзода Сайљафар изњор доштанд, ки кўмаку ёрмандї ба маъюбону ятимон ва дигар ќишри ниёзманди љомеа аз роњнамоињои инсонпарваронаи Раиси муаззами њизб муњтарам Эмомалї Рањмон сарчашма гирифта, яке аз самтњои афзалиятноки ЊХДТ ба шумор меравад. Аз ин рў, онњо набояд руњафтода бошанд ва худро танњо њис кунанд.

Холматов Бахтовар маъюби гурӯҳи сеюм, Тоиров Ҷурахон маъюби гурӯҳи якум ва Амонова Муниса ятими кулл, ба ин иқдоми хайрхоҳонаи Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар вилояти Хатлон изњори сипос намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg