
ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Левакант Бахшида ба «Рӯзи ҷавонон» ба 2-ҷавони имконияти маҳдуддоштаи шаҳр, кумакҳои молию ғизоӣ аз қабили орд, равған, картошка, пиёз, макарон, ва дигар анвои ғизоӣ кумак расонида шуд.
Раҳмонов Худойдод маъюби гурӯҳи якум аз кӯчаи Борбад 16-и шаҳр ва Тоиров Ҷурахон маъюби гурӯҳи як аз ҷ/д «Гулистон» аз ин иқдоми хайрхоҳона нисбати кӯмак ба маъюбон ва ниёзмандон дар арафаи «Рӯзи ҷавонон» шод гашта, аввалан ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баъдан ба Раёсати ҷавонону шахсони саховатпеша минатдорӣ баён карданд.