БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ӯ БО ХИЗМАТИ ШОИСТА БА ДИЛИ МАРДУМ РОҲ ЁФТААСТ!

АНДЕША. Имрўз вазифаи худ донистам, ки бо навиштани лавњае аз њаёти як нафар љавони хайрхоњу рањмдил, нафаре, ки талош дорад дар њаќќи њамватанон амали хайреро анљом дињад, ёдовар шавам. Ин гуна љавонони бофарњангу шуњратгурез аксаран ваќт аз мадди назари љомеа дур ва амалњои хайрхоњонаашон пўшида мемонад. Ба андешаи инљониб ёдоварї шудан аз амалњои ибратбахш пайравони эшон бештар мегардад.

Рањматулло Холов соњибкори љавон аз шањри Левакант шуѓли сартароширо ба худ касб карда, беш аз ду сол аст, ки рўзњои љумъаи њар њафта ба мизољон ба таври ройгон хизмат мерасонад.

Маќсад аз иќдоми гирифтаи ман дастгирии шахсони нафаќагиру пиронсол ва нафарони камбизоат мебошад, - иброз менамояд Рањматулло. Ба гуфтаи худи ў дар њар рўзи љумъа камобеш ба 30 нафар мизољон хизмати ройгон мерасонад.

Каримхўља Восиев, сокини дењаи Мењрободи љамоати дењоти «Гулистон»  мегўяд, ки њар њафта аз хизмати Рањматулло бархўрдор мегардад. Бобои Каримхўља таманнои комёбиву муваффаќият ва хушињо дар рўзгорашро намуда, иброз дошт, ки «Кори мекардаи Рањматулло кори хеле савоб аст. Ў бо ин кораш ниёзмандонеро, ки имконияти пул дода муйи сар гирифтан надоранд, хеле хушњол мегардонад. Умедворам, ки бо сабаби хушњол кардани ниёзмандону пиронсолон Худованд подоши хубе медињад».

Дар баробари дар рўзњои љумъа аз хизмати ройгони Рањматулло бархурдор шудани пиронсолону камбизоатон, боз љавонон ва дигар табаќаи љомеа низ барои ба тартиб даровардани сару рўйи худ аксарият аз хизмати босифат ва нархи нисбатан арзону дастраси Рањматулло Холов дар дигар рўзњо истифода мебаранд.

Рањматулло Холов баъзан маврид ба љавононе, ки туйи хонадоршавї доранд, њамчун туњфаи туёна мувофиќи табъу завќи љавонон хизмат мерасонад.

Шояд дар назари баъзењо ин иќдом амали кўчак намояд, вале шумурдани рўзњои љумъа ва шумораи мизољон кофист, ки бузургдиливу боњимматии Рањматулло эњсос шавад. Аз сўйи дигар, мањз чунин амалњо мењрро нисбати якдигар зиёдтар ва ањли љомеаро ба якдигар мењрубонтар мегардонад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg