БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБРИКОТИ МУДИРИ ШУЪБАИ КОР БО ЗАНОН ВА ҶАВОНОНИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН ШОМАЛАНГОВА МИҶГОНА САИДҚУЛОВНА

Боиси шарафмандист, ки ҷавонони саодатманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доштани садоқати беандоза ва меҳри бепоён ба Ватан имрӯзҳо барои  ободии кишвар бо масъулияти баланди ватансозӣ саҳми беандозаи худро гузошта истодаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба ҷавонон таваҷҷуҳу ғамхории падарона зоҳир менамоянд ва дар ҳама ҷо онҳоро дастгирӣ мекунанд. Саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеаи имрӯза дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ назаррас буда, дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ иштироки фаъолона доранд.

Ман ҳамчун ҷавон тамоми мардуми сарбалади тоҷикро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, ба тамоми ҷавонони бонангу номуси тоҷику тоҷикистонӣ сулҳу оромӣ, файзу баракати рӯзгор, бахту иқбол ва азму иродаи устувору қавӣ орзу менамоям.

Бори дигар “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” ба ҷавонони саодатманди Ҷумҳурии Тоҷикистони азиз муборак бод!

Шомалангова Миҷгона Саидқуловна, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg