БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ҶАВОНОН

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва моҳи шарифи Рамазон кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ба аёдати ҷавони маъюб Зуҳрои Аъзамқул аз Ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Сино рафта, ба ҷавони зикршуда маводҳои ғизоӣ аз қабили орд, равған, картошка, пиёз ва шириниҳо кӯмак расониданд.

Намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Зуҳрои Аъзамқулро   ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, таъкид доштанд, ки ҷавонон ҳамеша таҳти дастгирӣ ва ғамхории Пешвои муаззами миллат қарор доранд.

Зимни аёдат Зуҳрои Аъзамқул аз таваҷҷуҳи ҳизбиёни ноҳия изҳори қаноатмандӣ намуда, ба Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки чунин тадбирҳо дар асоси дастуру ҳидоятҳояшон амалӣ мешаванд, миннатдорӣ баён кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg