БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОНИ НИЁЗМАНД ТАҲТИ ҒАМХОРИИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТ ҚАРОР ДОРАНД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи  аксияи ҳизбии  “Ҳамватанони  маъюбу бепарастор ва ятимон зери таваҷҷуҳ ва дастгирии ҲХДТ қарор доранд” ва дар ростои Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва иқдоми ташкилоти ибтидоии ҳизбии “С Сафаров” ба 2 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд кӯмаки пуливу моддӣ расонида шуд.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмуъмин бо ҷалби ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба  аёдати онҳо рафта, аз номи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо ёрии амалӣ ва кумаки пулӣ расонид.

Зимни аёдат волидайни аёдатшудагон аз дастгириҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, ба Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории хешро баён намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg