ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Давоми рӯз дар доираи суҳбатҳо бахшида ба Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон ду нафар ятимони кулл сокини шаҳраки Ҳулбук аз ҷониби мутасаддиёни КИ ҲХДТ, волонтёрон аз наздик аёдат гардида, ба онҳо кӯмаки яквақтаина аз қабили равған, қанд ва дигар маводи хӯрокворӣ расонида шуда, онҳоро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Раззоқ табрик намуданд.
Дар суҳбат нахуст ҷавонон аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор доштанд, ки онҳо азм доранд, ки бо баҳои хубу аъло мактабро хатм намуда, таҳсили худро дар муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон давом диҳанд.
Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ қайд кард, ки ятимони кулл таҳти сарпарастии доимии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба онҳо ҷиҳати идомаи таҳсил, обутоб ва саёҳату фароғат шароитҳои мусоид муҳайё карда мешаванд.