ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати аёдат ва дастгирии ҷавонон бахшида ба Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон сокини шаҳраки Ҳулбук духтари ҷавоне, ки нимятим мебошад аз ҷониби мутасаддиёни КИ ҲХДТ, волонтёрон аз наздик аёдат гардида, ба ӯ кӯмаки яквақтаина аз қабили равған, қанд ва дигар маводи хӯрокворӣ расонида шуда, ӯро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуданд.
Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ қайд намуданд, ки маҳз ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ барои ҷавонон ва наврасони эҳтиёҷманд шароит ва имтиёзҳо фароҳам оварда шудааст. Ҷавонон худ ояндаи кишвар маҳсуб меёбанд, барои ба камол расонидани онҳо шароитҳо ҷиҳати идомаи таҳсил, обу тоб ва саёҳату фароғат муҳайё карда мешаванд.