БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТГИРИИ МАЪЮБИ ГУРӮҲИ ДУЮМ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи силсиласуҳбатҳо ва расонидани кумаки яквақтаина бахшида ба Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон маъюби гурӯҳи дуюм Урозов Дилшод сокини шаҳраки Ҳулбук аз ҷониби мутасаддиёни КИ ҲХДТ, волонтёрон аёдат карда шуд. Дар аёдати ҷавони маъюб, ки худ ва апааш ба гурӯҳи маъюбӣ дохил мешаванд, сӯҳбат карда шуда, ба онҳо кӯмаки яквақтаина аз қабили орд, равған, қанд ва дигар маводи хӯрокворӣ расонида шуд. Инчунин, онҳоро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуданд.

Дар суҳбат Сафар Ҳафиза Разоқ – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ таъкид кард, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати худ дастгирии нафарони эҳтиёҷмандро дар мадди аввал қарор дода, ба онҳо кӯмакҳои гуногун расонида мешавад. Дар баробари ин, ба ҷавонони маъюб барои таҳсил як қатор имтиёзҳо дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки метавонанд аз он бархурдор бошанд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg