БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ КОРОНАВИРУС ДАР ЭМИН БОШЕД!

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсали иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳангоми мулоқоташон бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустии кишвар, рӯзи 20 майи соли 2020 вобаста ба пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни омма оид ба мубориза бо бемории коронавирус дода шуда буд, имрӯз кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар аксияи иттилоотӣ - тарғиботии “Аз коронавирус дар эмин бошед”–ро баргузор намуда, дар кучаҳои марказии шаҳр корҳои оммафаҳмонӣ доир намуданд.  Дар рафти баргузории аксияи мазкур зиёда аз 1000 адад маводҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.

Зимни баргузории аксия таъкид гардид, ки пӯшонидани даҳону бинӣ ҳангоми сулфа ва атса задан ба паҳн шудани вирусҳо ва дигар микробҳои касалиовар монеа мешавад. Агар ҳангоми сулфа ё атса задан даҳон ва биниро бо даст пӯшонед, микробҳои дасти шумо ба ашёҳо ва ба одамоне, ки шумо бо онҳо дастфишурӣ мекунед, мегузарад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg