БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи нақша-чорабинии бахши кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон бахшида ба таҷлили "Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 23 май", таҳти унвони "Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат" ба аёдати як қатор ҷавонони имконияташон маҳдуд ва ҷавонони аз оилаҳои камбизоати ноҳия рафта, ба онҳо кӯмаки молиявии шахсони саховатпеша ва соҳибкорон дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон бо унвонии "Пешвои миллат ғамхори мо ҷавонон" расонида шуд.
Дар партави сиёсати хирадмандона ва ғамхориҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирию кӯмак ба табақаи ниёзманди ҷомеа ба ҳукми анъана даромада, пайваста ва дар ҳар як иду ҷашнвора аз тарафи давлату Ҳукумат ва шахсони саховатпеша дастгирӣ меёбанд. Тамоми он таваҷҷӯх ва дастгириҳои бепоён ҷавонони имконияташон маҳдуд, ятимони кулл ва ҷавонони аз оилаҳои камбизоатро ба зиндагӣ дилгарм сохта, нигоҳи онҳоро барои фардои дурахшон ва зиндагии шоистаи хеш раҳнамун мегардонад.