БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

67 ОИЛА ДАР БОРАИ РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС МАЪЛУМОТ ПАЙДО НАМУДАНД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия рӯзи 20 майи соли 2020 ҷиҳати ба мардум  фаҳмонида додани роҳҳои пешгирии коронавирус ба деҳаи Лойобаи Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо сафар намуда, бо усули “Хона ба хона” ба бештар аз 58 нафар сокинони хонаҳои истиқоматӣ дар бораи коронавирус ҳамчун бемории хатарноки сироятӣ, роҳҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба он, вазифаи асосии ҳар як шахс дар мубориза ҷиҳати аз байн бурдани он суҳбат намуданд.

Рафти суҳбат нишон дод, ки аксаран дар бораи роҳҳои пешгирии ин беморӣ маълумот доранд, вале онро чандон ҷиддӣ намегиранд. Бинобар ин дар суҳбатҳои доирнамуда таъкид карда шуд, ки ин беморӣ хеле хавфнок аст ва беэҳтиётӣ нисбати талаботҳои гигиенаи шахсӣ боиси ҳодисаҳои нохуш шуданаш мумкин аст. Аз ин рӯ, ба ҳама зарур аст, ки он чизе ки табибон мефармоянд ва он чӣ ки дар варақаҳои иттилоотӣ ҷиҳати пешгирии ин беморӣ дастур дода мешавад, қатъӣ риоя карда шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg