АНДЕША. Коронавирус беморие мебошад, ки имрӯзҳо дар тамоми давлатҳои дунё хуруҷ карда, боиси марги ҳазорон одамон гаштааст. Яке аз роҳҳои асосии пешгирии ин беморӣ ҷиддӣ гирифтани он ва риоя намудани гигенаи шахсӣ мебошад, ки баъзе аз одамон то имрӯз дидаю дониста ин талаботҳоро риоя намекунанл, беаҳамиятӣ зоҳир намуда, саломатии худ ва аҳли оилаи худро зери хавфу хатар мегузоранд. Ҳар яки моро зарур аст, ки ба тозагӣ ва поккорӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳем, бе зарурат ба ҷойҳои серодам наравем. Ҳангоми истифодаи маҳсулотҳои хӯрокворӣ ва сару кор гирифтан бо ҳайвонҳо гигиенаи шахсиро қатъиян риоя кунем ва баъди анҷоми ҳар кор дастонро бо собун ё маҳлулҳои антисептикӣ шӯем, аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода намоем.
Коронавирус бемории хавфнок ва хатарнок буда, ба монанди зуком ва дигар бемориҳои вирусӣ оҳиста-оҳиста пайдо гардида, бо ҷараёни суст аз шахси сироятёфта ба шахси солим ҳангоми атса задан ва сулфа намудан мегузарад. Бинобар ин ҳангоми суҳбат бо шахси дигар бояд масофаи байни ҳамдигарро 1,5-2 метр риоя намоем. Ҳангоми савор шудан дар нақлиёт ҳам чунин масофа бояд риоя карда шавад. Ба кӯча танҳо бо ниқоб баромадан зарур аст. Салом кардан набояд бо фишурдани даст ё оғӯш кашидан сурат гирад. Дар як табақ якҷоя хӯрок хӯрдан ҳам, боиси сироятёбӣ гардиданаш мумкин аст.
Дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳои беморӣ зарур аст, ки ба духтури оилавӣ муроҷиат намоем. Бо риояи гигиенаи шахсӣ мо худ ва аҳли оилаи худамонро аз сироятёбӣ аз бемории хавфноки коронавирус эмин нигоҳ медорем.
Насиба Маҳмадуллоева, мутахассиси шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг