БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАЪОЛИЯТИ ИБРАТБАХШИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ

АНДЕША. Як самти фаъолияти вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияро дар шароити буҳрони иқтисодӣ ва доман паҳн намудани бемории сироятии коронавирус аёдати беморон, шахсони яккаву танҳо, пирони рӯзгордида ва дигар оилаҳои ниёзманд ташкил медиҳад. Боиси қаноатмандист, ки қисме аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ин рисолати вакилӣ ва инсонии худро иҷро намуда, ҳар сари чанд вақт аз ҳолу аҳволи ин табақаи аҳолӣ хабар гирифта, бо расонидани кӯмакҳои хайриявӣ ва сухани нишонрас онҳоро ба ҳаёт ва зиндагӣ дилгарм менамоянд.

Дар ин рӯзҳои барои мардуми ноҳия душвор вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии № 4 Момагул Мирзоева хеле сертараддуд аст. Ӯ дар вақтҳои холӣ аз кор ба хонаи ин табақаи аҳолӣ рафта, дар баробари расонидан қисман ёрӣ онҳоро ба ояндаи нек ва ҳаёти хушбахтона дилгарм менамояд. Одамони ниёзманд бобои Кавг Раҷабов, маъюби модарзод Заҳро Раҷабова, шахсони маъюбу барҷомонда Аноргул Саидова, Раҷабалӣ Ғаюров ва дигарон аз амалҳои хайрхоҳонаи ӯ розӣ ва қаноатманд буда, барои чунин ғамхориаш миннатдорӣ баён менамоянд.

Момагул Мирзоева, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг аз ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии № 4

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg