БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН АЗ КУМАКҲОИ СОҲИБКОР МИННАТДОРАНД

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ҳамкорӣ ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ соҳибкори муваффақ, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ҳабибов Маъруф дар ҳошияи сиёсати ғамхоронаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати камбизоатон, маъюбон, эҳтиёҷмандон ба 611 оилаи деҳаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти ба номи С. Турдиеви ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба маблағи 400000 сомонӣ (чорсад ҳазор) кумак кард. Ҳамчунин, ин соҳибкори ватандӯсту ватанпарвар ба беморхонаи марказии ноҳия либосҳои муҳофизатӣ, ниқобҳо ва маводҳои антисептикӣ барои пешгирии бемории коронавирус кумак кард. Сокинони деҳаи Сомониён ва табибони беморхонаи маркази ноҳия аз дастгириҳои соҳибкор Ҳабибов Маъруф изҳори миннатдорӣ карданд.

Дар тақсимоти маводи хурока ва маблағ ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи Сомониён ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия саҳми худро гузоштанд.

Пакети хайриявии соҳибкор аз чунин номгӯи маҳсулоти хурокворӣ ва маҳсулоти гигиенӣ иборат буд:

  1. Кумак ба сокинони деҳаи Сомониён ба 611 оила ба ҳар кадоме 654 сомон нақд дода шуд.
  2. Орд - 10 тонна
  3. Равған - 1833 литр
  4. Макарон - 1833 кг
  5. Шакар -  1833 кг
  6. Чой - 611 пакет
  7. Биринҷ - 1222 кг
  8. Ниқоби тиббӣ - 250 дона
  9. Маводи дорувори ба маблағи 3100 сомонӣ
  10. Дастпушаки муҳофизати - 1000 адад
  11. Либоси муҳофизати - 27 адад

Воқеан, дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону камбизоатон, табобати беморони сироятёфта ва табибоне, ки ба муқовимат ба ин беморӣ саъю талош намуда истодаанд, ба як самти муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст ва дар партави ин сиёсат дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ амалҳои хайр анҷом дода мешаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg