АНДЕША. Боиси шукргузорӣ ва фараҳмандист, ки маҳз бо шарофати тинҷию осудагӣ, сулҳу суҳбот, ваҳдату якдилӣ, ки ин ҳама аз сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллат Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ҳамасола рӯзи 23 май Рӯзи ҷавонон таҷлил карда мешавад.
Мо ба масъалаи ҷавонон барои он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем, ки онҳо ояндаи давлату миллатанд - гуфтааст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон. Ҳар як тадбире, ки дар мамлакат имрӯзҳо амалӣ карда мешавад, баҳри беҳбудии сокинон, бахусус, ҷавонон ва ояндаи неки Тоҷикистон аст.
Мо ҷавонон ба дарки амиқ бояд ташаббус ва нерӯи созандаи худро беш аз пеш ба манфиати давлату миллат равона созем, нерӯи эҷодиву илмӣ ва тафаккури созандаву бунёдкоронаи худро баҳри гулгулшукуфоии Тоҷикистон истифода барем.
Дар қиёс ба ду даҳсолаи пешин ҷавонони тоҷик дониши хуби сиёсиву илмӣ доранд. Мо ҷавонон вазифадорем, ки пеш аз ҳама, худамон нангу номуси ватандорӣ дошта бошем, мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлати Тоҷикистон гирем, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту ватанпарвар бошем.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҳкими ояндаи устувори мамлакат ва зимни татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон меъёрҳои рушд ва кафолати ҳуқуқии ҷавононро муайян сохтааст. Мутаносибан дар ҳама ҳолатҳои қабули қарорҳо Ҳукумат ба ин гурӯҳ ё захираи инсонӣ такя мекунад. Бинобар ин ҳуқуқ, манфиатҳо ва меъёрҳои инкишофи ҷавонон бо назардошти сатҳи маърифати идеологии онҳо дар мадди назари дастгоҳи давлатӣ мебошад. Дар воқеъ, ҷавонон сарвати асосии идеологии ҳар як давлат ба ҳисоб мераванд. Зимни аз назари идеологӣ таълим додан, тарбия ва омода намудани шахси ҷавон кишвар худро ба нерӯи мағлубнашаванда, пурқувват, шуҷоъ, далер, ватандӯст, хайрхоҳ ва таҳаммулпарвар мусаллаҳ мегардонад.
Мо ҷавонон бояд бо омӯзиши такмили донишу малакаи худ диққати ҳамаҷониба диҳем. Тоҷикистони азизи мо бо ҷавонони соҳибтаҳсилоту ташаббускор ниёз дорад. Мо ҷавонон дар хусуси дар ҷомеа пайдо намудани мавқеи сазовори худ андеша кунем, ватанамонро бо меҳнати ҳалол ва зиндагии шоистаи худ ободу зебо намоем. Имрӯзҳо, ки дар Тоҷикистони азизи мо корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта истодааст, мо ҷавонон дар сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни миллӣ ҳиссаи арзандаи худро гузорем. Ҷавонон муҳофизати боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳо ҳастанд.
Ба андешаи ман, адабу рафтор ва сатҳи маънавиёти ҷавонони мо дар солҳои охир хеле баланд рафта эҳсоси худшиносӣ ва нангу номуси миллӣ дар байни ҷавонон густариш ёфта истодааст.
Эълон шудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” мо-ҷавононро водор месозад, ки дар ҷаҳони кунуни малакаи кор бо технологияи компютериро ёд гирем ва дар баробари он забондонҳам бошем.
Ман, тамоми ҷавонони кишварро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрику муборакбод гуфта, пеш аз ҳама ба онҳо саломатӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоям. Бигузор ҷавонони мо зери сиёсати хирадмандонаву бунёдкорона ва ҷавонпарваронаи Президенти мамлакат фаъолият намуда, дар ободу зебо гардидани ватани худ саҳми арзанда гузоранд ва пайравони асили Пешвои миллат бошанд.
Проштов Сино, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ