ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Санаи 20 майи соли ҷорӣ дар деҳаи Савдаи Ҷамоати деҳоти Кангурт бо усули “Хона ба хона” мулоқоти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ, нахуст суханро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид оғоз намуда, иброз дошт, ки саломатии ҳар яки мо аз худи мо ва муҳити зисти мо вобастагӣ дорад ва ҳамзамон, оиди пешгирии бемории сироятии коронавирус, ҷалби сокинон ҷиҳати зироаткорӣ, кишоварзӣ дар ҳар сотиқи замин, инчунин, вусъат бахшидан ба корҳои бунёдкорию ободгароӣ бахшида ба 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, ибрози сухан намуд.
Дар анҷоми суҳбат ба иштирокчиён се намуд варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳо барои пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID – 19) ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ тақсим карда шуд.