БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ ҶОМЕА СОЛИМИИ МИЛЛАТ АСТ!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Имрӯз дар Маҳаллаи №5–и Ҷамоати шаҳраки Совет бо  усули “Хона ба хона” мулоқоти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.

    Сараввал, суханро мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Абдулманонов  Сорбон оғоз намуда, оиди пешгирии бемории сироятии коронавирус,  ҷалби сокинон ҷиҳати зироаткорӣ, кишоварзӣ дар  ҳар сотиқи замин, инчунин, вусъат бахшидан ба корҳои бунёдкорию ободгароӣ бахшида ба 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки   фаъолияти   ҳизбӣ,   иброз дошт.

      Дар анҷоми суҳбат ба иштирокчиён се намуд варақаҳои иттилоотӣ вобаста ба пешгирии бемории сироятии коронавирус  (COVID – 19) ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ    тақсим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg