АНДЕША. Имрӯзҳо тамоми кунҷу канори дунёро бемории сироятӣ коронавирус (COVID – 19) фаро гирифтааст. Паҳншавии ин беморӣ асосан аз шаҳри Ухани Ҷумҳурии мардумии Чин манбаъ гирифта, тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳлука андохтааст. Ҳол он ки ин беморӣ дар манбаи асосиаш ба кулл нест шуда истодааст.
Тӯли шаш моҳ мешавад, ки бемории сироятии коронавирус дар рӯи олам, дар тамоми давлатҳои ҷаҳон паҳн шуда, баъзан онҳоеро, ки ба баъзе бемориҳои дигар то ин давра гирифтор буданд, ҳатто ба ҳолати фавт расонида истодааст. Дар кишвари мо низ ин беморӣ расман тасдиқ шуда, дар ҳолати хуруҷ қарор дорад. Маълум аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ аз қабл барои пешгирӣ ва мубориза ба зидди ин пандемия чораҷӯӣ намудааст. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки Ҳукумати мамлакат ва сохторҳои дахлдори давлатӣ корҳои омодагӣ қабл аз паҳншавии беморӣ, тамоми чораҳои имконпазирро роҳандозӣ намудааст. Мо гуфта наметавонистем, ки аз ин беморӣ мамлакати мо дар амон мебошад. Зеро кишварҳои ҳамсояи мо дар ҳолати гирифторӣ ва паҳншавии ин бемории марговар қарор доштанд, хоҳу нохоҳ ба кишвари мо ворид мегардид.
Дар айни замон дар баробари дастгирии сохторҳои тандурустӣ аз тамоми сокинони мамлакат тақозо мегардад, ки дар мубориза ба муқобили ин вирус, аз рӯи тавсияи мутахассисини соҳаи тандурустӣ, масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва риояи гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ амал намуда, аз усулҳои пешгирии паҳншавӣ, солим нигоҳ доштани саломатии халқу ҷомеа ва аъзои хонавода истифода намоянд.
Каримов Л.С., мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик