БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚАТРАИ ОБЕ БЕҲТАР АЗ МАХЗАНИ ДУНЁ

Об асту ҳаёт пойдор аст,

Об асту замину кишту кор аст.

Маҳсули ҳама ҷаҳони ҳастӣ,

Аз ҳастии оби файзбор аст.

 

АНДЕША. Оре, об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам, аз ҷумла одамон, ҳайвоноту наботот, дарахтону буттаҳои сарсабзу хуррам, гулу гиёҳ, хоса зиндагии осоиштаву обод аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро шодобиву зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Дар ҳақиқат об неъмати бебаҳои ҳаётан муҳим барои ҳар як мамлакат ва халқи осоиштаи он мебошад. Одамон аз замонҳои қадим то инҷониб тақдири худро бо об вобаста карда буданд ва то ҳол пайвастагии зич дорад.

Маҳз аз давраҳои қадимтарин инсонҳо дар соҳилҳои бузурги дарёҳои Сиру Ому (Осиё), Волга (Русия), Миссисипи (ИМА), Нил (Африқо) ва дигар мавзеъҳои дар боло зикргардида монанд, зисту зиндагонӣ карда, барои дарёфти ризқу рӯзии хеш кишту кор мекарданд. Назаре ба таърихи кишту кор афканем, одамон аз қадимулайём ба кишоварзӣ шуғл дошта, барои  ҳосил додани кишти кардаашон обёрӣ мекарданд. Зиёдиҳо чоҳҳои барои об гирифтан меканданд. Агар ба таьрихи муборизаи халқҳо бинигарем барои ба даст овардани об чӣ андоза пурфоҷиа ва мураккаб будааст.

Оби тоза шарти асосии ҳаёт ва ҷузъи таркибии тамоми унсурҳои биосфераи сайёра мебошад. Ҷойгиршавии оби ширин дар табиат нобаробар аст. Мавриди зикри хос аст, ки норасоии оби ошомиданиро имрӯз аз се як ҳиссаи аҳолии сайёраи мо, яъне беш аз 2 миллиард нафар  камбудии шадиди ин неъмати бебаҳо ва худододро эҳсос мекунанд. Бо баробари рушди муносибатҳои демографӣ масъалаи мазкур торафт мураккабтар мегардад. эҳсос мекунанд. Пас барои ин мушкилоти ҷаҳониро бартараф кардан, бояд обро сарфакорона истифода бурд.  Таваҷҷуҳи ҷомеаи чаҳониро ба муҳим будани масъалаи оби ошомиданӣ ба назар гирифта, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: Ҳамагон бояд фаҳманд, ки арзишмандии об на камтар аз арзишмандии нафт, газ ва дигар навъҳои сӯзишвориву манбаьҳои энергия барои ояндаи босуботи кишвар ва минтақа мебошад”.

Моро зарур меояд, ки дар баробари ташаббускориҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обро сарфакорона истифода бурда ва дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи хоси хешро пайдо карда тавонем. Ин нуқтаро зикр кардан ба маврид аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан 1300 кӯл бо масоҳати умумии 705 км мураббаъ мавҷуд аст. 73%-и кӯлҳои Тоҷикистон дар кӯҳҳои Помиру Олой дар баландии 3500 м то 5000 м аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд.

Арзишмандии истифодаи оби тозаи ошомиданиро ба инобат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2001 “Дар бораи тасдиқи Консепсияи истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарор қабул кард. Обро минерали нодиртарини захираҳои табиӣ арзёбӣ намуда, инчунин зикр намуданд, ки ягон ҷизи дигар дар навбати худ обро иваз карда наметавонад. Шукрона аз он бояд кард, ки дар диёри азизи мо ин мӯьҷизаи нодир хеле зиёд ба назар мерасад. Зикр кардан ба маврид аст, ки Тоҷикистони маҳбуби мо дорои дарёҳои обаш зулол ва дармонбахш аст, ки диққати чаҳониёнро ба  худ ҷалб намудааст. Имрӯз, ки мо дар остонаи садаи XXI қарор дорем, аз ин сабаб ҳар яки моро лозим аст, барои ҳифз намудани оби тозаи ошомиданӣ ва сарсабзу хуррам гардонии диёри аҷдодиамон камари ҳиммат бандем.

Дар ҳошияи иҷлосияи 72–юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028” аз рӯи ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Ню–Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, мақолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷаллаи “Нигориши СММ” таҳти унвони “Об барои рушди устувор” (Water for Sustainable Development) ба табъ расида, пешкаши доираи васеи хонандагон гардид.

Дар мақолаи мазкур Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳо ва зарурати пешниҳоди Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, таҳияи тадбирҳо ва натиҷаҳои ташаббусҳои қаблии ҷониби Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ бар нафъи аҳли башар, маълумоти дақиқу пурмуҳтаво ва таклифу пешниҳодҳои асосноку созандаро ба миён гузоштаанд.

Боиси хушнудии мардуми соҳибтамаддуни тоҷик аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ҳалли мушкилоти марбут ба об саҳми арзандае гузоштааст.

Мавриди зикри хос аст, ки шуруъ аз соли 2000 то 2016 бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 7 лоиҳаро оид ба об қабул кард. Дар байни онҳо “Соли байналмилалии оби тоза, соли 2003”, “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015”, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013” ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” мебошад.

Инчунин зимни суханронӣ дар Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда, Президенти кишвар Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карда буд, ки “… таҳдиду хатарҳои муосири глобалӣ, аз ҷумла буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, зуд-зуд рух додани ҳодисаҳои офатбори гидрометеорологӣ, норасоии об ва дар натиҷа, боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кӯдак, аз мо саъю талоши бештар ва дар ин арса андешидани тадбирҳои марбутаро тақозо доранд”.

Акмали ҚУРБОНӢ, донишҷӯи ДДБ ба номи Носири Хусрав

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg