БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ОММАФАҲМОНӢ ИДОМА ДОРАНД

МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Санаи 22.05.2020 бо 96-нафар истиқоматкунандагони деҳаҳои Ғеш, Садбаргоҳи ҷамоати деҳоти ба номи Н. Назаров оид ба пешгирии сироятёбӣ аз бемории Коронавирус бо усули “Хона ба хона” корҳои оммафаҳмонӣ баргузор карда шуда, бо иштирокчиён аз тарафи шахсони масъул ба миқдори  70 дона ниқоб ва 85-дона маводҳои иттилоотӣ доир ба пешгирии бемории коронавирус дастрас карда шуд.

Инчунин, бахшида ба Рӯзӣ “Ҷавонон” 23-май ва Иди саиди фитр аз тарафи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Мирзобаротзода С. ба 3-нафар ҷавонони имконияташон маҳдуд, Фарзонаи Ҳайдаршо истиқоматкунандаи деҳаи Ғеш, Исоев Дилшод истиқоматкунандаи кӯчаи А. Давлатов ва Шукрона Алиева истиқоматкунандаи деҳаи Садбаргоҳ ба маблағи 250 сомонӣ маводи хӯрока кӯмак расонида шуд.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти ноҳия Ҳайдарзода Рамазон ва мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Раҷабов Абдулло иштирок ва суханронӣ намуданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg