БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВУСЪАТБАХШИИ КОРҲОИ ТАРҒИБОТИВУ ТАШВИҚОТӢ ДАР МАҲАЛ

ЛЕВАКАНТ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Санаи 22-уми майи соли равон масъулини Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шахри Левакант оид ба «Сабабҳо ва роҳҳои пешгирии паҳншавии бемории коронавирус» дар дехаи Эшонободи чамоати «Гулистон» корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, аз варақаҳои иттилоотӣ, барои пешгирӣ аз коронавирус COVID-19 истифода намуда, ҳамарӯза ба мардуми аҳолӣ нисбати ин вируси хатарнок тавсияҳои муфид пешниҳод намуда истодаанд.

Масъулин дар мулокоту вохурихо бо сокинон баромад намуда, иброз намуданд, ки барои пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ мардум бояд аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода бурда, ҳамеша оби ҷӯшонидашуда нӯшида, аз сафар ба кишварҳое, ки ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст, худдорӣ намоянд. Ба қоидаҳои беҳдошт, махсусан, бо собун шустани даст эътибори махсус додан лозим аст. Инчунин, ҳангоми мушоҳидаи аломатҳои ин беморӣ ҳатман ба табибон муроҷиат намудан аз чораҳои асосии пешгирии коронавирус мебошад. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg