БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ТАРҒИБОТИВУ ТАШВИҚОТӢ ОИД БА ПЕШГИРИИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУСИ НАВЪИ СOVID-19

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён, оид ба пешгирии паҳншавии коронавируси навъи СOVID-19 дар деҳаи Ободончидики Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳия бо иштироки кормандони КИН-и ҲХДТ корҳои фаҳмондадиҳӣ, тақсими маводҳои таблиғотӣ оиди пешгирии бемории мазкур ва тақсимоти ройгони ниқобҳои махсус ба аҳолии деҳаи дар боло зикршуда  ба роҳ монда шуд.

Масъулин оид ба масъалаи пешгирӣ аз касалии сироятии коронавирус таъкид намуданд, ки ягона амале, ки имрӯз аз мо талаб карда мешавад, ба тарсу тахлука афтодан не, балки ба таври лозима омода гаштан барои пешгирӣ аз паҳншавии ин вирус мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg