КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Имрӯзҳо, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо вабои аср – коронавируси навъи COVID-19 даст ба гиребон аст, дастгирии ниёзмандон, махсусан, табибон, ки дар сафи пеши мубориза бо ин хатари ҷаҳонӣ қарор доранд, тақозои замон дониста мешавад. Ин аст, ки дар кишвар расонидани кӯмак ба табибон, оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон ва шахсони эҳтиёҷманд ба ҳукми анъана даромадааст ва соҳибкорони ватандӯст дар пайравӣ ба иқдомҳои инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалҳои хайру савобро мутобиқи қадри имконияташон анҷом медиҳанд. Ин навбат аз ҷониби саховатмандону соҳибкорони ноҳияи Кӯшониён ба 20 нафар табибони ноҳия ба миқдори муайян маводҳои хӯрокворӣ аз қабили пиёз, картошка, равған ва биринҷ ба маблағи 5408 сомонӣ кӯмак расонида шуд.
Архивӣ Моҳона
- Феврал 2022 (1)
- Январ 2022 (368)
- Декабр 2021 (419)
- ноябр 2021 (429)
- Октябр 2021 (316)
- Сентябр 2021 (269)
- Август 2021 (467)
- Июл 2021 (325)
- Июн 2021 (543)
- Май 2021 (627)