КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дастгирӣ намудани қишри ниёзманди ҷомеа яке аз амалҳои неки инсонӣ маҳсуб ёфта, боиси рӯҳбаландии қишри ниёзманди ҷомеа мегардад ва худи инсони саховатпеша низ шоду масрур мегардад. Ин аст, ки имрӯзҳо дар арафаи ҷашну идҳо дастгирӣ намудани оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон ва шахсони эҳтиёҷманд ба ҳукми анъана даромадааст. Ба ин хотир, бахшида ба Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон ва моҳи шарифи Рамазон як қатор соҳибкорони маҳаллии Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён ба 25 нафар маъюбон ва ниёзмандон аз ҳудуди ҷамоати мазкур як қатор маводҳои ғизоӣ аз қабили орд, равған, биринҷ ва либосворӣ кӯмак намуданд.
Архивӣ Моҳона
- Август 2019 (466)
- Июл 2019 (493)
- Июн 2019 (462)
- Май 2019 (625)
- Апрел 2019 (486)
- Март 2019 (477)
- Феврал 2019 (503)
- Январ 2019 (477)
- Декабр 2018 (532)
- ноябр 2018 (532)